МАҚОМИ МАКТАБУ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ натанҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хуввияти имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо талошу ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ислоҳоти муҳим ва ҳадафманди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигаргуниҳои муҳиме рӯи кор омада, омили асосии рушди пайваста ва босуръати ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони муосир гардиданд.

Андешаҳои бунёдкорона, созанда ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои солона хеле муассир баён мегарданд.

Тавре, ки дар Паёми пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидааст, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонанд. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Ва дар ин робита, бори дигар таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба — солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон чӣ дар паёми соли гузашта ва соли 2024 аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд зиёд карда шуд. Албатта ин тадбирҳо ва амалӣ гаштани имтиёзҳои тибқи қонунгузорӣ пешбинигардида барои омӯзгорон боиси дилгармии онҳо ба касби омўзгорӣ мегардад.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Пешвои миллат қайд менамоянд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ Паёми мавриди назар ва Паёмҳои қаблии Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамою роҳкушо барои хурду бузурги ҷомеа мебошад ва соҳаи маориф дар онҳо нақши калидӣ дорад.

Аҳмадшо Саидзода

Директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе».

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.