СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Рӯзи 16-уми  апрели соли 2025 дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе семинари илмӣ-адабӣ бахшида ба 147-солагии поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ — поягузори таърихи адабиёти атфоли муосири тоҷик» баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар омӯзгорон ва касбомӯзон  иштирок намуда, атрофи ҳаёт ва мероси ғании адабӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ, хусусан нақши ӯ дар ташаккули адабиёти атфоли тоҷик, мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки Садриддин Айнӣ на танҳо аввалин романнавис ва бунёдгузори насри реалистии тоҷик аст, балки яке аз аввалин шахсиятҳое мебошад, ки ба навиштани асарҳои махсус барои наврасон ва кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст. Чунин асарҳо бо забони содда, мазмуни пурмуҳтаво ва ҳадафмандии тарбиявӣ, саҳми арзандае дар рушди маънавии насли наврас гузоштаанд.

Ҳамзамон дар семинар аз саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ва тарғиби мероси бузурги Садриддин Айнӣ ёдоварӣ гардид. Таъсис додани ҷоизаи ба номи С. Айнӣ, нашру паҳни васеи осори ӯ, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин ба мактаб ва муассисаҳои таълимӣ тавсия додани осори ин адиб, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки омӯзиши мероси адабии гузаштагони бузург, бахусус С. Айнӣ, заминаи муҳими тарбияи насли созандаву худшинос мебошад.

Семинар бо қироати порчаҳо аз осори С. Айнӣ, саҳначаҳои адабӣ ва барномаи фарҳангии касбомӯзон ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.