«РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД» ДАР МДТ “ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ”

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ва сокинони шаҳр ба касбу ҳунаромӯзӣ имрӯз дар “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе” «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид..

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе Саидзода Аҳмадшо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст директори муассиса суханронӣ карда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро ба тарбияи сазовори насли ояндасоз вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи кишвари азизамон ба мутахассисони соҳибкасб ва муосир вобастагии зич дорад.

Сафолов Атоулло муовини директори муассиса, иттилоъ дод, ки дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат аз руйи 15 ихтисос шаҳрвандон ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Сипас, хонандагон бо шароити таҳсил ва дастовардҳои муассиса аз наздик шинос шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.