
Санаи 30 апрели соли 2025, дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» миёни донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, инкишофи қобилиятҳои амалӣ ва эҷодии донишомӯзон, инчунин ташаккули рақобати солим байни онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати таҳсилоти шаҳри Душанбе, муаллимони касбӣ, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва довталабон аз муассисаҳои гуногуни касбӣ иштирок намуданд. Озмун аз ду қисмат иборат буд — назариявӣ ва амалӣ. Довталабон дониши назариявии худро санҷида, дар қисми амалӣ маҳорати касбии худро дар кор бо таҷҳизотҳои замонавӣ нишон доданд.































