“Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кори мо ҳастанд. Мо бояд дар замири онҳо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосирро талқин намоем, то дар оянда ҳамчун намояндагони сазовори миллати хеш ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунанд. ” Эмомалӣ Раҳмон
Дар сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ғамхорӣ ба ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсии кишвар марҳилаҳои гуногунро дар бар мегирад. Масалан, дар марҳилаи аввал саҳифаи навинро дар рушди ҳаракати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҷавонон”, аз 13- уми марти соли 1992 боз намуд.
Баъдтар дар анҷумани нахустини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлат таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”.
Аз оғози Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани кишвари маҳбубамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷавонон дар рушди давлатдории навини тоҷикон ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятию идоракунӣ бештар эҳсос карда мешавад.
Натиҷаи ҳамин сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ сол ба сол нақши ҷавонон зина ба зина боло рафта, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамасола 23-юми май ҳамчунин Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввалини Истиқлолият бо назардошти дар меҳвари фаъолияти ҳукумат қарор доштани сиёсати давлатии ҷавонон Пешвои миллат соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карданд.
Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як ҷавони имрӯза давра ба давра иқдомҳои созандаро амалӣ намуда истодааст ва Тоҷикистони маҳбуби мо, ки дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯю заковати созандаи ҷавонон умеди калон бастааст.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони кишвар дар заминаи ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумати Тоҷикистон теъдоди хеле зиёди чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ва маърифатӣ доир карда мешавад, ки ҳам характери ватандӯстӣ ва ҳам характери тарбиявӣ доранд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ маъмурияти Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар литсей барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё гардида, теъдоди зиёди коллективи муҳандисӣ омӯзгории литсейро ҷавонон ташкил медиҳанд ва табиист, ки онҳо дар таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани хонандагони литсей саҳми беандоза доранд.
Натиҷаи фаъолияти самараноки маъмурият ва аҳли коллективи литсей аст, ки имрӯз хонандагони литсей дар мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои сатҳи гуногун ба дастовардҳо ноил гардида истодаанд.
Дар баробари ба сифати таҳсилот ва малакаҳои эҷодии хонандагон диққати зарурӣ додан, масъалаҳои тарбиявӣ низ дар меҳвари фаъолияти коллективи литсей қарор дошта, чорабиниҳои характери тарбиявидошта, соатҳои тарбиявӣ ва сиёсӣ бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯзаи мо кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе” мебошад.
Мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ”
Фариза Шарипова

