ҶАВОНОН — СОЗАНДАГОНИ ФАРДО

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа буда, дар ҳар давру замон ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Дар шароити рушди босуръати илму техника, бархӯрди арзишҳо ва тағйироти глобалӣ, нақши ҷавонон дар сохтмони ҷомеаи демократӣ ва пешрафта беш аз пеш муҳим мегардад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Аз тарбия ва савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи сиёсии онҳо ояндаи давлату миллат вобаста аст”.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат меварзанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ҳазорон ҷавон таҳсил намуда, барои ояндаи худ ва ҷомеа омода мешаванд. Шумораи зиёди ҷавонон дар соҳаи илм тадқиқот мегузаронанд ва ба муаррифии номи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар шароити мусоиди ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои рушди ҷавонон муҳайё карда шудааст. Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт, заминаи боэътимод барои дастгирии насли наврас ва ҷавонони кишвар фароҳам овардаанд.

Дар замони Истиқлолият як қатор озмунҳо бо ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди истеъдод ва ташаббуси ҷавонон роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла: Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Озмуни “Илм — фурӯғи маърифат”, Озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои солҳои 2023–2027 ва ғайраҳо.

Ин барномаҳо имконият медиҳанд, ки ҷавонон истеъдоди худро нишон дода, дар самтҳои илму фарҳанг, варзиш ва ихтироъкорӣ рушд ёбанд ва бисёре аз ғолибони ин озмунҳо имрӯз ҳамчун сармояи зеҳнии кишвар эътироф карда мешаванд.

Ҳар як шаҳрванди ҷавон вазифадор аст, ки дар баробари истифодаи имкониятҳои фароҳамшуда, рисолати ватандорӣ ва худшиносии миллиро дарк намояд. Маҳз дар даврони ҷавонӣ эҳсоси масъулият нисбат ба миллат ва давлат ташаккул меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мо бояд дар ҷавонон эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоем”.

Имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи нав — ҷомеаи рақамӣ ворид шудааст. Ҷавонони тоҷик низ дар ин замина нишон доданд, ки қобилият ва имконияти баланди омӯзишу маҳорати эҷоди доранд. Иштироки ҷавонон дар озмунҳои байналмилалии фаннӣ, дастовардҳо дар соҳаи барномасозӣ ва дигар соҳаҳои технология далели равшании ин гуфтаҳост.

Барномаҳои давлатӣ, аз қабили “Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ”, “Барномаи рушди инноватсионӣ” ва “Рушди маориф ва илм” заминаи устувор барои иштироки фаъоли ҷавонон дар соҳаҳои пешрафта фароҳам оварда шудаанд.

Ҷавонон ҳамзамон дар раванди нигоҳдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бояд идомадиҳандаи суннатҳои нек ва хирадмандонаи гузаштагон бошанд. Вақте ки ҷавонон таърих, фарҳанг ва забони худро медонанду арҷ мегузоранд, ин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдат мусоидат мекунад.

Чи хеле, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Мо ҷавононро нерӯи бузурги бунёдкор мешуморем ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо чашми умед менигарем”.

Ҷавонон ҳамчун созандагони фардо бояд бо дониш, хирад, меҳанпарастӣ ва ҳисси баланди масъулият барои ободии Ватан саҳм гузоранд. Давлату Ҳукумат тамоми шароити заруриро барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо муҳайё кардааст. Акнун навбат ба худи ҷавонон аст, ки бо истифода аз ин имкониятҳо, саҳмгузори воқеии ҷомеа ва давлат гарданд. Танҳо дар сурати фаъолияти созанда ва бошууронаи ҷавонон мо метавонем фардои дурахшон ва ҷомеаи пешрафтаро таъмин намоем.

Шифо Курбонасенова

Омӯзгори МДТ «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе».

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.