Имрӯзҳо мо дар фазои ободу осуда ва сояи мубораки ваҳдату ҳамлдигарфаҳмӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол қарор дорем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Сиёсати созанда ва дурандешонаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст.
Бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамзамон, бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.
Ташаббуси мазкур, инчунин, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Ғамхорӣ ба насли ҷавон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа тамоми имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зеро дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имконияти зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони фаъолу пешқадам тамоми шароиту имкониятро фароҳам овардааст. Яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон — ин таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён аст, ки ҳадафи асосии таъсиси он азхудкунии илмҳои дақиқу техникӣ мебошад. Зарурати омӯзиши ин фанҳо дар он аст, ки барои ташаккули тафаккури техникиву ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Аз сӯйи дигар, дар шароити рушди баландсуръати илм ба аксари корхонаҳо кормандоне заруранд, ки бо технологияҳои навтарин дар ҳамаи сатҳҳои истеҳсолот кор карда тавонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд, ки дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим ва барои ҷавонон муфид ин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданини25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки дар рӯйхати рӯзҳо ва ҳафтаҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ҷой дода шуд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣки ташаббускори асоси ин иқдоми наҷиб мебошанд, вобаста ба муҳиммияти варзиш аз ҷумла иброз намуда буданд: «Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбуди саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғул ҳастанд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовути иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд».
Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ барои рушди навъҳои гуногуни варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим таҷлили якчанд санаи байналмилалӣ муқаррар шудааст. Чунончи, 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш барои сулҳ ва рушд, 3 июн Рӯзи ҷаҳонии велосипед, 21 июн Рӯзи байналмилалии йога, 20 июл Рўзи байналмилалии шоҳмот, 21 декабр Рӯзи байналмилалии баскетбол ва амсоли инҳо.
Маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд. Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмуъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд. Ин санадҳои муҳимми давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.
Ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.
Аҳмадшо Саидзода, директори Литсейи касбии техники сохтмонии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
