ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ, ДОТСЕНТ САИДЗОДА АҲМАДШО РАҲМАТШО БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ!

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Устодону хонандагон, ҷавонони созанда, пайравони Пешвои миллат!

Имрӯзҳо мо дар фазои ободу осуда ва сояи мубораки ваҳдату ҳамидигарфаҳмӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол қарор дорем. Бо камоли эҳтиром Шумо ва дар симои Шумо кулли ҷавонони ватани азизамонро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол табрику шодбош гуфта, ба Шумо тани сиҳат, умри дароз, осмони софу беғубор, файзу баракат, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ баҳри пос доштани арзишҳои миллиамонро таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами №628 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ташаббускори асоси ин иқдоми наҷиб мебошанд. Имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб афзудааст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ нақши воло доранд. Маҳз андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон мебошад ва аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, бо муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри ин қишри созандаи ҷомеа яъне ҷавононро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҷавонони саодатманди диёр ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шумо муроҷиат намуда гуфтаниям, ки мо бояд худро давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намоем. Барои рушду нумӯи рӯзафзуни ҷумҳурӣ ҳамчун ҷавонони созандаи фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаолияти хешро равона сохта дар ҳама кору фаъолият камари ҳиммат баста баҳри ҳифзи марзу буми ватан ҷони хешро сипар намоем. Зиракии сиёсиро аз даст надода ҳамеша пайравони асили Пешвои миллат бошему зери шиори » Тоҷикистон ба пеш» фаъолияти хешро ба роҳ монем!

Итминони комил дорам, ки Шумо устодону хонандагон рисолати муқаддаси худро дар мавриди пойдории сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон амиқ дарк намуда, фаъолияти созандаи хешро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрези менамоед. Ҷавонони азиз, Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доред ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастед.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.