11 МЕДАЛ, ДИПЛОМ, ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» АЗ ҲИСОБИ ХОНАНДАГОНИ МДТ «ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ».

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Санаи 26, 27- уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз руйи 15 ихтисос баргузор шуд, ки дар он 15 нафар хонандагони МДТ «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» иштирок намуда, сазовори 11 ҷой гардиданд. Дар умум 6-то ҷойи 1-ум, 3-то ҷойи дуюм ва 2 то ҷойи 3-юмро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафакури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ багузор мешавад.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 500732736_122133564530763516_8403064211843722467_n-1-1024x768.jpg

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.