ИСТИҚЛОЛИЯТ САРЧАШМАИ ИФТИХОР ВА РУШДУ НУМӮИ ТОҶИКИСТОН

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

Мо бояд аз Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро баҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон соҳиб бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардондани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон ровонакунем. Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сўи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 34 – соли Истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.Воқеан, истиқлол воситаи асосии рушду нумўи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

Як бахши муҳими дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи маориф марбуд донист. Бо дарназардошти он ки рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳот аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд карда истодааст. Бо боло рафтани сатҳи сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ вазъи соҳа рў ба беҳбуди ниҳода, аллакай шумораи муассисаҳои таълими ру ба афзоиш намуда истодааст. Вобаста ба ин Сарвари мамлакат ҳамеша таъкид менамояд, ки самаранок бароҳ мондани корҳои таълиму тарбия вазифаи аввалиндараҷаи соҳа буда, баҳри пешрафти кишвар саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад бояд, ки мо кӯшишу заҳмати шабонарўзии хешро дареғ надошта, ҳамчун ҷавонони босаодат аз паи навъоварию илмомўзӣ гардем. Чунки ободию оромии ватанро танҳо ҷавонони боилму фарҳанг пойдор мегузоранд. Дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани донишомўзон вазифаи ҳар як масъули соҳа баҳисоб меравад. Ин дастоварди миллати тоҷикро, ки бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад. Ин гуфтаҳоро мо бо далелҳои боэътимод метавонем собит созем ва аз ин ифтихор намоем.Яке аз бузургтарин дастоварди даврони Истиқлол ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақияти баъдӣ самараи он мебошанд.

Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро чун давлати амну босубот ва ислоҳотгару рушдёбанда эътироф намудааст.Таърих собит намудааст, ки даст ёфтан ба истиқлолият муборизаву ҷоннисорӣ ва ваҳдату ҳамфикрии миллӣ тақозо менамояд, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Ин масъулият ва рисолати ҳар фарди ватандӯсти ин сарзамин бояд бошад.Имрӯз мо вақте дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол сухан мегӯем, нақши Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо баръало эҳсос мешавад. Таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти он ба шумор меравад, ки ин масъалаҳо дар зери таваҷуҳи роҳбари Пешвои муаззами миллат мебошанд.Аҳмадшо Саидзода директори МДТ «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе». н.и.п, дотсент

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.