Конститутсия ҳамчун санади асосии ҳуқуқии ҳар давлат, таҷассумкунандаи волотарин арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, тамаддунӣ ва идеологии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар низоми давлатдории Тоҷикистон низ Конститутсия на танҳо ба сифати Қонуни асосӣ, балки ҳамчун ядрои меъмории ҳуқуқӣ, пояи ташаккули институтҳои ҳокимияти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва механизми таъмини устувории сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои …




