КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ СОХТМОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ИҶЛОСИЯИ ХVІ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ПОЯҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН»

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

МАҲБУБИ ҶАҲОНИВУ ҲАБИБИ ВАТАНӢ,

БАР ҶУМЛАИ ДАРДҲО ТАБИБИ ВАТАНӢ.

ГУФТИ, КИ МАН АЗ БАҲРИ ВАТАН МЕМИРАМ,

АЗ БАҲРИ ВАТАН БИЗӢ, КИ ЗЕБИ ВАТАНӢ!

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки яке аз санаҳои муҳиму тақдирсоз дар барпо гардидани ваҳдату ягонагии кишвари азизамон ба шумор меравад, санаи 14 ноябри соли 2025 дар муассисаи давлатии таълимии Литсей касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи

«Иҷлосияи ХVІ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: пояҳои

ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон», баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини директори Агентии ҳифзи мероси

таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои педагогӣ,дотсент

Аҳлиддин Сайднуридинзода, Сардори раёсати Рушди тарбияи ҷисмонӣ

ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳобзода Сайали Қурбоналӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Юнусова Рухшона, директори МДТ “Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе” Иматшоев

Зинатшо, намояндаи Донишкадаи санъат ва фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон Синои Абуалӣ, ҳамзамон омӯзгорону хонандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори конференсия аз тамошои намоиши асарҳои Пешвои миллат, дастовардҳои муассисаи таълимӣ,аксияи тақдими нишони сарисинагӣ ва аксҳои Пешвои миллат ба иштирокчиёни конференсия оғоз гардида сипас аз ҷониби ҳозирин Суруди миллӣ бо овози зинда сароида шуд. Пас аз садо додани суруди миллӣ директори муассиса номзади илмҳои педагогӣ муҳтарам Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо суханронӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда,

ҳамзамон мақсади баргузории ин конференсияро баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия меҳмонон маърӯзаҳои пурмуҳтавои хешро, ки дар онҳо корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ба таври хос таҷассум гардидааст ироа намуданд.

Кори конференсия бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ҷамъбаст карда шуд. Аксҳо аз рафти Конференсия:

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.