Санаи 14-уми ноябри соли равон бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) ба МДТ Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Нахуст меҳмононро директори муассиса муҳтарам Аҳмадшо Саидзода ба ҳузур пазируфта, аз фаъолияти самараноки муассиса ва дастовардҳои он ба ҳозирин суҳбат доир намуданд.
Сипас меҳмонон аз синфхонаҳои таълими истеҳсолӣ, устохонаҳо, майдончаи озмошии барқчиён дидан намуданд.









