Устодону омӯзгорон, кормандону хонандагон, бо камоли эҳтиром
Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи Ватани азизамонро ба Рӯзи Президент самимона табрику шодбош намуда, сулҳу оромӣ, файзу
баракати рӯзгор, бахту иқбол ва ба ватани маҳбубамон Тоҷикистон сулҳу осоиш ва рушди бемайлонро таманно менамоям. Аввалин бор дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти кишвар дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр баргузор гардида буд.Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз рӯзи ид муайян шудани 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки шуруъ аз ҳамин рӯзи тақдирсоз рушди минбаъдаи Тоҷикистон оғоз меёбад. Шурӯъ аз ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатдории тоҷикон — шакли идоракунии
президентӣ оғоз ёфт, ки он рушди минбаъдаи бомароми Ватани махбубамонро таъмин намуд. Дар робита ба ин санаи муҳими таърихӣ, дар қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шуд. Бо пешниҳоди эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми
ин сарзамини биҳиштосо ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳама сарчашма аз сиёсати хирадмандонаву созанда ва ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон мегиранд, мо имрӯз дар кишвари орому осоишта ва пайваста
дар рушду нумуъ кору зиндаги дорем.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамонро ҳамчун Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, роҳбари фозилу хирадманд, сулҳофару ваҳдатсоз қадр мекунанд.Маҳз бо шарофати ҷонбозию мардонагӣ ва қаҳрамониҳои Президенти ҷумҳурӣ ватани азизамон бо қадамҳои қатъию устувор дар фазои сулҳу осоиш ва рушду субот ба пеш равона аст.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАКІ




