Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе»

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

санаи 22.11.2025 чорабинии фарҳaнгӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ хонандагон бо қироати шеърҳо дар васфи Парчами давлатӣ, иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва рақси миллӣ саҳнаи идонаро зебо ва пурмазмун гардониданд. Баргузории ин чорабинӣ ҳадаф аз баланд бардоштани эҳсоси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва тарбияи ватандӯстии хонандагон мебошад. Ҳамзамон, бахшида ба ин муносибат миёни хонандагон мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми директори муассиса» ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо медалҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.