Санаи 29.11.2025 бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба директори муассиса муҳтарам Аҳмадшо Саидзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сафар карда, дар доираи сафари худ аз намоишгоҳи Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ боздид намуда, дар як чанд вохӯрӣ ва барномаҳои омӯзишии корӣ бо ҳайатҳои ҷониби Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт,ки сафари кории ҳайати мазкур дар Кореяи Ҷанубӣ идома дошта, дар доираи он баргузории як қатор мулоқоту боздидҳои дигар низ дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сафари мазкур дар доираи имзои Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи лифти Корея, ки 28 октябри соли 2025 ба имзо расида буд сурат гирифт.













