Хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстримизм»

https://www.facebook.com/profile.php?id=100066792294245

29 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмони ш Душанбе” мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди экстремизми динӣ” доир гардид,ки дар он омӯзгорону хонандагон муассисаи мазкур иштирок карданд.

Қайд карда шуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубо¬риза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам¬нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.

Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Имрӯз мо падару модарон ва тамоми сокинони мамлакат дар якҷоягӣ бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан — Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован.