
Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Яъне, ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз самтҳои муњимми сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Асосгузори сулњу вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои мазкурро Сарвари давлат тавассути рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳё намудани мероси таърихию фарҳангии тоҷикон арзёбӣ намудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои ватандӯстона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам омад, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдодии мо, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Сада аз 29-уми январи соли 2022 иброз доштанд, ки “Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд”. Дар робита ба ин, Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму оинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.
Дар солҳои охир бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани ҷашнҳои мазкур дар сар то сари кишвар худ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Маҳз ҷиҳати эҳё ва боз ҳам дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил намудани ҷашнҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти бештарро фароҳам овардааст, то мероси гузаштагони худро амиқтар омӯхта, ҷанбаҳои норӯшани онҳоро таҳқиқ ва манзури аҳли ҷомеа гардонем. Тавре Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд: “Мо на танҳо Наврӯз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро низ эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд. Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон”-ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд”.
Зимнан, таъкид менамоем, ки барои таљлили бошукўҳи ҷашни Сада ва таҳияи намоишҳои театронидашуда аз сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва бадеӣ васеъ истифода намудан лозим аст.
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ба нақли ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст. Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ, ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд. Баробари ба поён расидани он, аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд. Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.
Хулоса, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва, ҳамчунин бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллӣ аз нав эҳё гардиданд, ки дар миёни онҳо ҷашни Сада ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин росто, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имкон фароҳам оварданд, ки мардум ба асолати ҷашнҳои миллӣ бештар ошноӣ пайдо намуда, ин оинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш бахшанд.
Директори Муассисаи давлатиитаълимии “Литсейи касбии техникии
сохтмони шаҳри Душанбе” Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо