Вохурии навбатии директори муассиса Саидзода Аҳмадшо бо хонандагон баргузор гардид. Дар вохури қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернетӣ ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ мебошад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ роҳ надиҳанд, ва доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишчӯён, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба нашъамандӣ, мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти корҳои дохилӣ такя намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар паёмҳои хеш нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ баҳогузорӣ намудаанд.






