
Эмомалӣ Раҳмон:
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, яъне 18-уми декабри соли 1992 — дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. Ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бисёр печида ва ҳассос дар замоне ки ҳанӯз дар кишвари мо ҷанги таҳмилии аз тарафи гурӯҳҳои манфиатталаб тарҳрезишуда дар ҷараён буд, таъсис ёфтаст. Вале новобаста ба шароити ҳассос ҷомеаи кишвари тозаистиқлоли мо ба оғоз ва дурнамои ин неруи қудратии навтаъсис хушбин буданд. Зеро баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идораи давлат, ки дар ҳоли суқут қарор дошт, танзим ва шуълаи умед ба фардои дурахшони Ватан ба дилҳо роҳ ёфта буд. Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии кишвари мо аз сифр то ба ҳолати имрӯзӣ расид. Воқеияти ҳол ва амри собит ин аст, ки ҳарчанд Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти худро аз сифр оғоз кард, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст.Зикри як нукта муњим аст, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рўзафзун аст, ки имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Ба таъкиди Сарвари давлат вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Мо бояд ин дастури Пешвои миллатро дар амал татбиқ карда, дар ҳама ҳолат дар канори Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар истода, афсарони далеру шуҷои Ватанро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ намуда, дар пойдории суботу амнияти кишвар саҳм гузошта, рисолати шаҳрвандии худро содиқона ба ҷо орем.
Аҳмадшо Саидзода н.и.п, директори МДТ«Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе».