Модарон ва хоҳарони азиз!
Шумо ва дар шахси Шумо ҷумлаи занони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда — Рўзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, барои ҳамагон баофиятӣ, саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рўзгор насибатон бошад.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад». Аз ин рӯ, Зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубонамон шурӯъ мешавад.
Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан — Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд.
Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таври хосса таъкид мегардад. Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Бонувони азиз!
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои Зан — Модар на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори мову шумо ва ҳар як тоҷику тоқикистонӣ мебошад.
Бори дигар ҳамаи шумо — бонувони арҷмандро ба ифтихори Рўзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям. Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло.
Рӯзи Модар, хуҷаста бод.
