
Дар замони муосир дар радифи дигар амалҳои номатлуб аз қабили ифротгароӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гаравидан ба ташкилотҳои фаъолияташон мамнуъ мушкилоти дигари ҳалталаб, муҳим ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи ба амал овардани нобоварии ҷомеаро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Дар ҳар як муассиса бояд перомуни масоили вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расанд. Зеро агар мо бо истифода аз шароити мавҷуда дар доираи қонунҳои ҷорӣ бо ин амали наматлуб мубориза набарем коррупсия метавонад дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ ба давлат ва ҷомеа, иқтисодиёт ва некуаҳволии қишрҳои гуногуни аҳолӣ халали ҷиддӣ ворид сохта боиси косташавии обрӯю нуфузи миллат ва давлат гардад.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Аз ин рӯ, бояд тамоми кӯшиш ба он равона карда шавад, ки нагузорем то коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ расонад. Бояд ёдовар шавем, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо мутобиқ бо қонунҳои байналмилалӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлатии кишвар дар самти мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ соҳиби нуфуз ва эътибори хосса гардид. Таъсиси ин ниҳоди махсусгардонидашуда ва дар як муддати кӯтоҳ фароҳам овардани тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он нишонаи сиёсати қотеъонаи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.
Таъсиси агентӣ яке аз дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти пурсамари он ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони ин ниҳод вобастагии калон дорад. Зеро амалҳои коррупсионӣ ба тасарруфу истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, дағалона поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани арзишҳои ахлоқию маънавии ҷомеа замина гузошта, пояҳои рушди иқтисодӣ ва эътимоди мардумро ба сохтору мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Аз ин рў, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳиммият ва зарурати ҳалли масъалаҳои мазкурро мавриди таҳлил қарор дода, мақомоти махсуси амаликунанда ва таъминкунандаи муборизаву муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсияро таъсис доданд ва паст кардани шиддати амалҳои коррупсиониро дар қатори дигар масъалаҳои муҳим самти афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар муқаррар намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид карда буданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Мавриди зикр аст, ки пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3 августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа бояд бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва амалӣ намудани талаботи қонун ва сратегияҳои болозикр ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия аз худ масъулият нишон диҳад ва фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда шавад.
Саидзода Аҳмадшо н.и.п, дотсент,
директори МДТ«Литсейи касбии техникии
сохтмони шаҳри Душанбе».