
Касби монтёри барқӣ бо рушди барқ ва техникаи барқӣ дар асри XIX пайдо шуд. Пас аз ихтирои лампаи барқӣ ва муҳарики барқ, талабот ба мутахассисоне, ки метавонанд интиқолро васл, ислоҳ ва нигоҳдорӣ кунанд, зиёд гардид. Бо рушди технология, ин касб низ такмил ёфт ва имрӯз яке аз муҳимтарин соҳаҳо дар иқтисодиёти кишвар мебошад.
Бо кашфиёти поягузорони соҳа Майкл Фарадей (1791 — 1867), Томас Эдисон (1847 – 1931), Никола Тесло ( 1856 – 1943) ва Вернер фон Сименс ( 1816 – 1829) истеҳсоли барқ ва шабакаҳои барқӣ рушд ёфтанд. Бо зиёд шудани истифодаи барқ дар хонаҳо, корхонаҳо ва шаҳрҳо, ниёз ба мутахассисоне ба миён омад, ки шабакаҳои барқиро насб ва таъмир мекунанд. Бо ҳамин сабаб касби монтёри барқӣ дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX ташаккул ёфт.
Монтёри барқӣ (электромонтер) яке аз муҳимтарин мутахассисон дар соҳаи энергетика ва сохтмон мебошад. Ин касб бо насб, таъмир ва нигоҳдории таҷҳизоти барқӣ, хатҳои интиқол ва шабакаҳои саноатӣ сарукор дорад.
Вазифаҳои асосии монтёри барқӣ иборат аз: Васл ва пайваст кардани хатҳои барқӣ, таъмир ва санҷиши таҷҳизоти барқӣ, муайян ва ислоҳ кардани нуқсонҳои системаҳои барқӣ, кор бо трансформаторҳо, генераторҳо, муҳаррикҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ, ҳамкорӣ бо муҳандисон барои таъмин кардани амнияти шабакаҳои барқӣ ва ғайраҳо.
Барои муваффақ шудан дар ин касб, шахс бояд дониши хуб дар соҳаҳои зерин дошта бошад. Электротехника ва қонунҳои ҷараёни барқ,
хониши нақшаҳои барқӣ ва диаграммаҳо, дастгоҳи трансформаторҳо, генераторҳо, муҳаррикҳои барқӣ ва автоматикӣ.
Монтёри барқӣ бо ҷараёни баландшиддат кор мекунад, бинобар ин риояи қоидаҳои бехатарӣ ва сухтор дар он хело муҳим аст, аз ҷумла истифодаи таҷҳизотҳои муҳофизатӣ (дастпушакҳои оиқӣ изолятсионӣ), айнакҳо, кафшҳои махсуси диэлектрикӣ), боздид аз санҷиши системаҳо пеш аз оғози кор, огоҳии доимӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ.
Ҳамин тавр, монтёри барқӣ дар корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳо ва шабакаҳои тақсимоти барқӣ кор мекунанд. Барои муваффақ шудан дар ин соҳа, шахс бояд дониши хуб, маҳорати техникӣ ва диққати ҷиддӣ ба бехатари дошта бошад.
Турахон Шарифов, устои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе.