
«Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад»
Эмомали Рахмон
Дар асоси пайрави аз сиёсатхои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон ва накшаи чорабинихои МДТ «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» бахшида ба 80-умин солгарди Иди Галаба дар муассиса конференсия бо иштироки мехмонон Мусоев Сайфулло — полковник, собиқадори Қушнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликов Одинаҳмад — полковник, собиқадори Қушнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов Абдулло — намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки конференсияро директори муассиса Ахмадшо Саидзода ифтитох намуда, кайд карданд, ки Рузи Галаба барои тамоми мардуми сайёра аз чумла халки Точикистон санаи бисёр мухиму такдирсозу таърихи мебошад.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Пас аз суханони ифтитоҳии директори муассиса мехмонон Мусоев Сайфулло — полковник, собиқадори Қушнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликов Одинаҳмад — полковник, собиқадори Қушнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуъҳои бахшида ба Чанги Бузурги Ватанӣ ва Ғалаба бар фашизм маърузаҳои хешро иброз намуданд.

























