Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хонандагони МДТ Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе зери роҳбарии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Раҳмонова Хайриниссо дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуданд, ки хонандаи курси якуми муассиса Аминов Саидмаҳмуд аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷойи 3 — юм гардида,аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Сафарзода Дилшод бо Ифтихорнома ва тӯҳфаи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки маъмурият, аҳли коллективи омӯзгорону кормандон аз ин дастоварди хонанда шод гардида, барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи озмун барору муваффақият ва комёбӣ хоҳонанд!
Дастовард муборак !


