Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хонандагони МДТ Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе зери роҳбарии омӯзгор Раҷабалиева Рафоат дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии » Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намуданд, ки хонандаи курси якуми муассиса Ғоибова Ширмоҳ аз рӯйи номинатсияи матиматика сазовори ҷойи 3 — юм гардида,аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Сафарзода Дилшод бо Ифтихорнома ва тӯҳфаи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки маъмурият, аҳли коллективи омӯзгорону кормандон аз ин дастоварди хонанда шод гардида, барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи озмун барору муваффақият ва комёбӣ хоҳонанд!
Дастовард муборак !



