26 – уми сентябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии “Ҳунаромӯз” – и Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҳамоишро таҳти унвони “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо” бо иштироки Раҷабов Абдулло – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, директори Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Душанбе – Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо, аъзои фаъоли ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор намуданд. Чорабиниро Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад, ки ин ташаббус бевосита дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” рӯйи даст гирифта шудааст. Дар идома Раҷабов Абдулло – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан баромада қайд намуданд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгони худ аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд ва ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашуним ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад. Дар ин масир шинохти шахсият ва осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили зикри хос аст.









