Санаи 16 декабри соли 2025 дар МДТ «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе» тамошои дастаҷамъии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар тамошои дастаҷамъӣ роҳбарияти литсей, кормандони омӯзгорию маъмурӣ ва зиёда аз 400 нафар хонанда фаъолона иштирок намуда истодаанд. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва шиносоии амиқ бо самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ баргузор гардида истодааст.












