
УСТОДОНУ ҲАМКАСБОН ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ХОНАНДАГОН!
Мову Шумо дар арафаи Иди саиди Қурбон , ки барои мардуми мусалмон эътибори баланд дорад, қарор дорем. Ба муносибати ин Иди саид ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли ҳамватанони азизамонро табрику шодбош намуда, дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятҳои неки ҳар яки шуморо аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам.
Бояд гуфт, ки имрӯз боиси хушнудӣ ва хушбахтии мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон зери сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, иҷрои маросими суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардидааст ва дини мубини Ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои некӯкорию хушахлоқӣ дар кишвари мо мақоми арзандаро соҳиб гаштааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, устодону омӯзгорон, кормандону хонандагон ва ҳамватанони азизамро дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуда, аз даргоҳи Яздони пок ба ризқатон баракат, ба ҳуснатон нури илоҳӣ, ба зиндагиатон офият, ба хонадонатон осоиш, ба умратон иззат, ба меҳратон вафо, ба аҳдатон сидқ ба вуҷудатон сиҳатӣ,ба ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу оромиро талабгорам.
Саломату сарбаланду саодатманд бошед.
Иди саиди Қурбон муборак!



